Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Олмон хостори раҳоии Муҳаммад Мурсӣ шуданд


Амрико ва Олмон хостори озодии Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср шуданд.

Гуфта мешавад, ки Муҳаммад Мурсӣ дар яке аз пойгоҳҳои низомии Миср нигоҳ дошта мешавад. Ин дар ҳолест, ки садҳо ҳазор нафар аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ рӯзи ҷумъа бо талаби бозгашти ӯ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, даст ба тазоҳурот заданд. Артиши Миср рӯзи савуми июл Муҳаммад Мурсиро аз мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар барканор кард. Ин иқдом пас аз чанд рӯзи тазоҳурот алайҳи Муҳаммад Мурсӣ сурат гирифт.


ДАРХОСТҲО БАРОИ ОЗОДИИ МУРСӢ

Вазорати умури хориҷии Амрико аз мақомҳои мисрӣ хостааст, Муҳаммад Мурсиро озод кунанд. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Ҷеннифар Псакӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки Вошингтон аз дархости Олмон барои озодии Муҳаммад Мурсӣ ҳимоят мекунад. Хонум Псакӣ дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки сафири Вошингтон дар Қоҳира бо Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳури муваққати Миср дидор ва гуфтугӯ кардааст. Артиши пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури қонунӣ ва мунтахаби Миср, раиси Додгоҳи олии Қонуни асосии ин кишвар Адлӣ Мансурро ба мақоми раиси ҷумҳури муваққати мансуб кард.

Аз сӯи дигар Гейду Вестервелл, вазири умури хориҷии Олмон низ аз раҳбарони нави Миср хост то Муҳаммад Мурсиро озод кунанд. Тибқи иттилоияи вазорати умури хориҷии Олмон, оқои Вестервелл ҳамчунин хостори он шуд, ки созмонҳои байналмилалии мустақил, имкони дидори «фаврӣ» бо Муҳаммад Мурсиро дошта бошанд.

ТАЗОҲУРОТИ ҲАВОДОРОНИ МУРСӢ

Аз сӯи дигар даҳҳо ҳазор тан аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ рӯзи ҷумъа бо даъвати «Эътилофи миллии ҳимоят аз машруият» дар хиёбонҳои Қоҳира ва шаҳрҳои дигари Миср ба хиёбонҳо рехтанд. Онҳо ҳамчунин қасд доранд ду тазоҳурот, яке ба тарафи вазорати дифоъ ва дигари ба самти Кохи раёсати ҷумҳурӣ роҳандозӣ кунанд.

«Эътилофи миллии ҳимоят аз машруият», ки гуруҳи "Ихвонулмуслимин", ҳизбе, ки Муҳаммад Мурсӣ узви он аст, дар раъси он қарор дорад, хостори баргузории тазоҳурот алайҳи «кудато алайҳи машруият» шуданд. Ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ барканории ӯро аз қудрат «кудато» медонанд, дар ҳоле, ки мухолифонаш ин иқдомро «инқилоби дувум» мехонанд.

Тибқи гузоришҳо, илова бар чанд майдон, аз ҷумла майдони Робиаи Адавия, шуморе аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ муваффақ шудаанд, ки худро ба наздикиҳои пойгоҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ бирасонанд. Ин макон ҳафтаи гузашта шоҳиди ҳодисаи хунин буд ва нерӯҳои артиш дастикам 53 тан аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсиро ба қатл расонданд.

Артиш ба дунболи ин ҳодиса гуфт, ки ҳаводорони Мурсӣ пойгоҳ ва муҳофизони онро ҳадаф қарор доданд, аммо эътирозгарон мегӯянд, ки нерӯҳои артиш тазоҳуроти мусолиматомезро тирборон карданд. Таҷаммуи ҳаводорони Мурсӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки артиш ва нерӯҳои амниятии Миср, тадобири вижаи амниятиро рӯи даст гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG