Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанет Наполитано мақомашро тарк мегӯяд


Вазири амнияти дохилии ИМА Ҷанет Наполитано изҳор намуд, ки мақоми худро тарк мекунад. Ӯ аз раисиҷумҳури Барак Обама барои он изҳори ташаккур кард, ки имконаш дод то дар ҳукумат барои ватани худ кор кунад. Хонум Наполтано, ки аз соли 2008 раҳбари вазорати амнияти миллии Амрикоро бар ӯҳда дошт, барои ишғоли курсии раиси Донишгоҳи Калифорния – иттиҳоди даҳ донишгоҳ дар ин аёлат омодагӣ мегирад.

Барак Обама ба Ҷанет Наполитано барои хизматаш изҳори сипос намуд ва гуфт, ки бо талошҳои ин хонум мардуми Амрико дар шароити амнтар ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG