Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ҳамроҳхон Зарифӣ бо ҳамтои қирғизаш дар Бишкек


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек бо ҳамтои қирғизаш мулоқот анҷом додааст. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи нишасти навбатии Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, дар Бишкек ҳузур дорад. Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Қирғизистон, дар мулоқоти вазирони умури хориҷии ҳар ду кишвар, масъалаҳои муҳим, аз ҷумла натиҷаи мулоқоти ҳайатҳои ҳар ду кишвар оид ба масоили марзӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин дидор ҳамкориҳои дуҷониба дар мавриди баҳрабардорӣ аз захоири обу энержӣ ва вазъи ҳаракати нақлиёт дар гузаргоҳҳои марзии ду кишвар низ баҳс шудааст.
XS
SM
MD
LG