Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон як хабарнигори маҳаллӣ кушта шуд


Дар шаҳракаи Самандари Ҷумҳурии Доғистони Русия хабарнигори нашрияи “Новое дело” Аҳмаднабӣ Аҳмаднабиев кушта шуд. Ба иттилои хабаргузории Интерфакс, субҳи рӯзи сешанбе афроди ношинос мошини ӯро тирборон карданд. Хабарнигор дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Ба иттилои мақомоти ҳифзи тартибот, ин дуввумин сӯиқасд ба ҷони Аҳмаднабиев дар соли равон аст – 11 январ ҳам мошини ӯ тирборон шуда буда, аммо он вақт хабар ҷон ба саломат бурд.

Гурӯҳи фавриву тафтишотӣ чанд фарзияро тафтиш мекунад ва аммо фарзияи аслӣ бо фаъолияти хабарнигории Аҳмаднабиев рабт дорад. Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи се банди қонун парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG