Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба муносибати Рамазон ба мусулмонон паёми шодбош фиристод


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон дар ҷаҳони ислом ба ҳамаи мусулмонон паёми шодбош фиристод.

Обама дар ин паём гуфт: “Бо фаро расидани моҳи мубораки Рамазон Мишел (хонуми раиси ҷумҳур) ва ман беҳтарин тамманиёти худро ба ҷомеаи мусулмонони Амрико ва саросари ҷаҳон мефиристем.

Обама афзуд: Барои тамоми 1,5 миллиард мусулмони саросари ҷаҳон Рамазон моҳи андешаву мулоҳиза, рӯзадориву дуову парастиш аст. Рамазон ҳамчунин имконе ба хонаводаҳову дӯстон барои гирдиҳам омадан ва пос доштани фароизест, ки мардум дар мазҳабҳои гуногун ихлос доранд. Таъаҳҳуд ба сулҳ, адолат, ғамхорӣ дар ҳақи бани башар аз ҷумлаи онҳост. Ин таъаҳҳудот қаввитар аз ихтилофотест, ки бисёр вақт моро аз ҳам ҷудо нигоҳ медорад.

Барак Обама дар ин паёми худ меафзояд, моҳи Рамазон ҳамчунин моро аз озодиву мартаба ва имконоте ёдовар мешавад, ки ҳақи раднопазири бани башар аст. Мо дар шароите аз ин арзишҳо ёдоварӣ мекунем, ки бисёре аз одамон дар Ховари Миёнаву Африқои Шимолӣ аз ин арзишҳои ибтидоӣ маҳруманд ва миллионҳо нафар паноҳҷӯён Рамазонро дур аз хонаҳои худ пешвоз мегиранд.

Амрико дар канори ононе меистад, ки барои эъмори ҷаҳон кор мекунанд, ҷаҳоне, ки ҳамаи мардум метавонанд саврнавишти худро худашон муайян кунанд ва бидуни тарсу ҳарос аз хушунат ба дину мазҳаби худ озодона эҳтиром гузоранд.

Дар паём омадааст, дар Иёлоти Муттаҳида Рамазон ёде аз он аст, ки миллионҳо нафар мусулмони амрикоӣ миллати моро ҳар рӯз бо кори худ дар ҳукумати мо ғановат мебахшанд, ихтирооти илмиро раҳбарӣ мекунанд, ҷои кор ба вуҷуд меоранд ва ба ҳамсоягони эҳтиёҷманди мо ғамхорӣ мекунанд.

Обама гуфт, ман ифтихори онро доштам, ки дар чаҳор соли гузашта ҳар сол дар Кохи Сафед мизбони ифтор бошам. Соли ҷорӣ низ ман умедворам, ки аз мусулмонони амрикоӣ истиқбол кунам, аз ононе, ки дар кишвари мо бо соҳибкорӣ машғуланд ва фаъол ҳунарманд ҳастанд.

Дар охири паёми Барак Обама омадааст: “Ман ба мусулмонони саросари Амрико ва саросари ҷаҳон моҳи мубораку хуҷастаи хонаводаӣ ва сулҳу якдигарфаҳмӣ орзу дорам. Рамазон Карим”
XS
SM
MD
LG