Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг ва Сулҳ журналистонро дарси интихобот меомӯзад


Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Бритониё дар Тоҷикистон дар садади иҷрои лоиҳаи нав бо номи "Журналистон ва интихобот" аст. Абдумалик Қодиров, раҳбари дафтари намояндагии ин созмони байналмилалии рӯзи душанбеи 8-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин лоиҳа ба зудӣ дар моҳи ҷорӣ шурӯъ шуда ва то охири соли ҷорӣ идома мекунад, ки дар канори омузишӣ будан, ҳамчунин ҷанбаҳои амалӣ низ дорад. Яъне ба таъкиди ҷаноби Қодиров, 25 тан аз журналистони ҷавон пас аз ширкат дар як давраи кӯтоҳи омӯзишӣ ҳамчунин дар раванди қабл аз маъракаи интихоботи президентӣ ва рӯзи баргузории он матолибе нашр хоҳанд кард. Ба ин далел раҳбари Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ мегӯяд, ки журналистони ҷавон ниёз ба омӯзиш ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ дар ин маъракаи муҳими сиёсиро доранд. Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Қодиров, ин журналистони ҷавон, ки аз расонаҳои мухталифи Тоҷикистон ҳастанд, дар ин муддат комилан бо машварату маслиҳатҳои тренерон ва ҳуқуқшинос фаро гирифта мешаванд, то аз ҳар гуна хатову иштибоҳ дар пӯшиши масоили интихоботӣ орӣ бошанд. Зимнан, Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Бритониё лоиҳаи ҷадиди "Журналистон ва интихобот"-ро бо ҳимояти молии созмони байналмилалии IMS ва ё Ҳимояти Байналмилалии Расонаҳо амалӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG