Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар ифтитоҳи Универсиадаи Қазон ширкат мекунад


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи шанбе, 6 июл, дар маросими ифтитоҳи Универсиадаи 27-уми тобистона, дар шаҳри Қазони Тотористон ширкат хоҳад кард. Қарор аст, ки маросим соати 9-у ним шом ба вақти Маскав шурӯъ шавад. Универсиада дар пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия то рӯзи 17 июл бо ширкати тақрибан 10 ҳазору 500 варзишгари ҷавон аз кишварҳои гуногуни олам идома хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Русия ба ҷараёни омодагиҳо ба ин қувваозмоиҳои бонуфузи байнулмилалӣ шахсан назорат мекард. Моҳи март ӯ аз варзишгоҳҳо, аз ҷумла, варзишгоҳи бузурги Қазон-Арена ва ҳама муассисаҳое, ки ба хотири баргузории Универсиада бунёд шудаанд, дидан карда буд. Баъд аз сафари Путин дар шаҳри Қазон 50 ҳазор буттаи гул шинонда шуд, бозсозии роҳу шоҳроҳ анҷом ёфт ва бинои нави фурудгоҳи байнулмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG