Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар пулиси Тюмен худкушӣ кардааст


Бино ба хабари ИНТЕРФАКС-и Русия як шаҳрванди Тоҷикистон дар дохили идораи пулиси Тюмен худкушӣ кардааст. Бино ба хабари пулис, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки коргари кироя будааст, ба эҳтимоли машғул шудан бо ҷиноятҳои шаҳвонӣ бо як духтари 7-сола боздошт шудааст.

Барои анҷоми таҳқиқот, ин гумонбар ба шӯъбаи пулис оварда шудааст. Дар хабар омадааст, бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе бо ҷӯробҳои худ гарданашро баста худро хафа карда куштааст.

Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда намешавад.
XS
SM
MD
LG