Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкон қатъи дастгоҳҳоро аз Манделла барвақт дастур дода будаанд


Пизишкон ба хешовандони Нелсон Манделла-раиси ҷумҳури пешини Африқои Ҷанубӣ пешниҳод карданд, ки дастгоҳҳои нафаскашӣ ва соири дастгоҳҳоро, ки идомаи ҳаёти Манделларо таъмин мекард, катъ намоянд.

Дар ин бора дар ҳуҷҷутҳои додгоҳӣ, ки дар ихтиёри хабаргузории France-Presse қарор гирифтааст, маълумот оварда шудааст. Ин дастурро 26 июн ба хешовандони Манделло додаанд.

Тибқи ин ҳуҷҷатҳо, ҳоло вай танҳо бо кӯмаки дастгоҳҳо ба ҳаёти худ идома медиҳад.
Ҷейкоб Зума-раиси ҷумҳури кунунии Африқои Ҷанубӣ, ки рӯзи панҷшанбе дар бемористони Претория ба аёдати Манделла рафт, мегӯяд, ки вазъи саломатии Манделла якзайл вазнин аст.
XS
SM
MD
LG