Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби мухолиф пеш аз интихобот як гурӯҳи корӣ таъсис доданд


Ҳизбҳои наҳзати ислом ва сотсиал-демократи Тоҷикистон аба хотири наздик кардани мавқеъи аҳзоби мухолиф дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ ташкил додаанд. Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) рӯзи 2 июл ба Озодӣ гуфт, ин гурӯҳ дар ҷараёни як машварати васеъ бо ширкати аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ки имрӯз дар қароргоҳи ҲНИТ доир шуд, ташкил ёфт. Аммо оқои Кабирӣ афзуд, ки ин ҳанӯз ба маънои ташкили эътилофи пешазинтихоботии аҳзоби мухолиф нест.
Абдуқаҳҳор Давлатов, раиси бахши робитаҳои хориҷии ҲНИТ ба Озодӣ гуфт, раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ дар ин нишаст ба зарурати доштани як номзади ягона дар интихоботи моҳи ноябр ҳам таъкид кардаанд. Ба гуфтаи оқои Давлатов, гурӯҳи кории ташкилшуда метавонад заминаро барои пешбарии чунин номзади ягона фароҳам созад.
Қаблан бо ибтикори ҳизби сотсиал-демократ «Эътилоф барои демократия ва ҳуқуқи башар» таъсис ёфта буд, ки онро дар маҳофил пешнависи эътилофи пешазинтихоботии аҳзоби мухолифи Тоҷикистон ном мебурданд.
То кунун танҳо ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ эълон кардааст, ки мехоҳад имсол ҳам раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро номзади худ бубинад. Аммо худи оқои Раҳмон моҳи апрел гуфта буд, ки дар мавриди пешбарии номзадиаш ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG