Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Жигулӣ" бо ду сокини Хоруғ дар Ғунд ғарқ шуд


Бар асари садамаи автомобилӣ ду сокини Хоруғ дар об ғарқ шуданд. Ба гуфтаи нозири калон Бозрасии давлатии автомобили ВМКБ Муслим Варқаев, садама дар маҳалли Сангови ноҳияи Шуғнон рух дода, ронандаи автомашинаи «Жигулӣ» идораи мошинро аз даст дода, ба дарёи Ғунд сарозер шудааст. Сокинони маҳал ба ёрӣ шитофта, ду танро аз автомашина берун кашида ба бемористон интиқол доданд, вале автомашина бо ду нафари дигар дар дарё ғарқ шудааст. Ҷасади ғарқшудагон, ки ҷавонони синни 30 мебошанд, ҳанӯз ёфт нашуда, ҷустуҷӯ идома дорад. Ба иттилои БДА-и вилоят, аз оғози сол то ба ҳол дар роҳҳои Бадахшон 19 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваста, 19 кас ҳалок ва 24 каси дигар ҷароҳат бардоштааст.
XS
SM
MD
LG