Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳо дар Покистон тақрибан 50 кас ҷон бохтанд


Бар асари ҳамлаҳои рӯзи якшанбе дар Покистон тақрибан 50 нафар ҷон бохтанд. Таркиши маргталабона дар канори масҷиди шиаҳо дар шаҳри Квейта, маркази вилояти ҷанубу шарқии Балуҷистон, мунҷар ба ҳалокати 28 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо тани дигар гардид. Полиси маҳаллӣ мегӯяд, ки аваал дар хиёбон норинҷаки дастӣ таркид ва мардум дар масҷид панаҳ бурданд. Ба думболи ин як маргталаб худро дар назди масҷид инфиҷор кард. Кормандони полис ба маргталаб имкони вуруд ба масҷидро надоданд, дар акси ҳол теъдоди кушташудагон ба карат бештар мебуд.

Аз ин пеш дар наздикиҳои шаҳри Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтуехва,дар канори корвони низомӣ як мошини ҳомили маводи мунфаҷира тарконида шуд. Дар ин ҳодиса 17 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ҳамин гуна як таркиши дигар дар вилояти Вазиристони Шимолӣ боз чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд.

Масъулияти ҳамлаҳоро касе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG