Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурсӣ аз имкони фалаҷ шудани давлати Миср ҳушдор дод


Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, изҳор намуд, ки идомаи эътирозҳову бенизомиҳо дар кишвар метавонад боиси фалаҷ шудани давлат гардад. Изҳороти сарвари Миср аз тариқи телевизион шоми чаҳоршанбе баъд аз он пахш шуд, ки мухолифини ҳукумат дар бораи ташкили эътирозҳои нав бо талаби истеъфои Мурсӣ тасмим гирифтанд. Рӯзи 30 июн аз замони раҳбарии Муҳаммад Мурсӣ як сол пур мешавад.

Ба иттилои хабаргузориҳо, рӯзи чаҳоршанбе дар Қоҳирабархӯрд миёни ҷонибдорон ва мухолифини Мурсӣ мунҷар ба ҳалокати ду нафар ва маҷрӯҳ гаштани даҳҳо каси дигар шуд. Бар асари ҳамин гуна низоъ дар шаҳри Мансура 90 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Бенизомӣ дар шаҳри Танта, воқеъ дар соҳили рӯдхонаи Нил, ҳам боиси захмӣ шудани чанд нафар гардид.

Эътирозҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳур ва ҳамзамон гирдиҳамоиҳо бо пуштибонӣ аз ӯ дар шаҳрҳои Миср чанд рӯз боз идома доранд.
XS
SM
MD
LG