Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кевин Радд боз нахуствазири Австралия интихоб шуд


Кевин Радд ба ҳайси нахуствазири нави Австралия савганд ёд кард. Як рӯз пеш ӯ дар нишасти Ҳизби кор, ҳизби ҳукмрон дар кишвар, бо пуштибонии 57 вакили парлумон раиси нави ҳизб интихоб шуд. Аз рақиби ӯ Ҷулия Гиллард, ки раҳбарии кобинаи вазиронро бар ӯҳда дошт, фақат 45 узви парлумон пуштибонӣ карданд.

Зарурати тағйирот дар ҳизби кор баъд аз назарсанҷиҳое ба миён омад, ки имкони пирӯзии ҳизби мухолифи муҳофизакорон дар интихоботи умумии моҳи сентябрро пешгӯӣ мекарданд.

Аз ин пеш, аз соли 2007 то соли 2010 Кевин Радд раёсати Ҳизби кор ва ҳукумати Австралияро бар ӯҳда дошт. Се сол пеш дар он мақомҳо ӯро хонум Ҷулия Гиллард иваз карда буд.
XS
SM
MD
LG