Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли ҳуқуқи башари Қирғизистон дар Тошканд боздошт шуд


Толекан Исмоилова бо Роза Отунбоева (акс аз бойгонӣ)
Толекан Исмоилова бо Роза Отунбоева (акс аз бойгонӣ)
Толекан Исмоилова-фаъоли ҳуқуқи башари Қирғизистон ва раҳбари гурӯҳи “Бир Дунё” дар фурудгоҳи Тошканд боздошт шудааст. Дмитрий Кабак-ҳамкори Исмоилова рӯзи сешанбе дар ин бора дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Исмоилова тавонистааст паёме бифиристад ва бигӯяд, ки номи вай дар “феҳристи сиёҳ” сабт шудааст ва мумкин аст вайро депорт ё ихроҷ кунанд.

Лира-духтари Исмоилова ба радиои Озодӣ гуфт, кормандони расмии сафорати Қирғизистон дар Узбакистон ба фурудгоҳи Тошканд рафтаанд, то сабабҳои боздоштро бифаҳманд.
XS
SM
MD
LG