Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

90 дақиқа дар назди Арки раиси ҷумҳур даргирӣ рух дод


Нируҳои амниятӣ дар наздикии Кохи раиси ҷумҳур
Нируҳои амниятӣ дар наздикии Кохи раиси ҷумҳур
Субҳи рӯзи сешанбе мардони мусаллаҳ ба Арки раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул ҳамла карданд. Пулис мегӯяд, ки баъд аз 90 дақиқаи задухӯрд аз 4 ҳамлакунанда 3 нафараш кушта шудаанд.

Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар уҳда гирифтаанд. Ҳамла дар ҳоле сурат гирифтааст, ки рӯзноманигорон барои нишасти хабарии барномарезишуда бо Ҳомид Карзай гирдиҳам омада буданд.

Рӯзноманигорон барои наворбардорӣ аз саҳнаҳои ин даргирӣ шитоб карданд. Ҳамлакунандагон ҳамчунин як мошини бамгузоришударо тарконданд.

Ҳангоми даргирӣ маҳали буду боши Карзай маълум набуд. Дар бораи тирандозиҳои бебандубор дар наздикии вазорати дифоъ низ гузоришҳо пахш шудааст.

Дар наздикии меҳмонсарои Ориёно низ инфиҷор рух додааст. Ҳоло ин меҳмонсаро ситоди намояндагии CIA ё Ожонси Марказии Кашфи Амрико мебошад.
XS
SM
MD
LG