Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ҳамкорӣ бо Ҳомиди Карзайро идома медиҳад


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ мегӯяд, баъди бунёди идораи сиёсии Толибон дар Қатар Вашингтон ҳамоно ҳамкории зич бо ҳукумати президенти афғон Ҳомиди Карзайро идома медиҳад.

Рӯзи душанбе дар Деҳлии Нав Керрӣ гуфт, ҳамкорӣ бо Кобул ”амали муносиб ва мавриди ниёз аст”.

Рӯзи душанбе фиристодаи хоси ИМА дар Кобул Ҷеймс Доббинс гуфт, Вашингтон аз тарзи ифтитоҳи идораи сиёсии Толибон дар Қатар, ки мебоист ҳамчун қадами аввал дар раванди сулҳи афғон ба шумор мерафт, шадидан асабонӣ мебошад.

Аммо сухангӯи Толибон дар Қатар мегӯяд, ки ин ҷунбиши ифротгарои исломӣ мавқеашро дар масъалаи истифодаи ном ва парчам тағйир надодааст.

Рӯзи душанбе Суҳайл Шоҳин изҳор намуд, гузоришҳо дар бораи он, ки Толибон ба баркандани ном ва парчамашон аз идораи Қатар мувофиқат кардаанд, “беасос ва сохта” мебошанд.
XS
SM
MD
LG