Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни сел дар Ҳинд ба 1000 тан расид


Мақомоти ҳиндӣ мегӯянд, шумораи кушташудагон бар асари сел дар шимоли Ҳинд ба ҳудуди ҳазор нафар расида ва имкон дорад бештар аз ин бошад.

Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 70 ҳазор нафар аз минтақаи селзада берун бурда шуданд. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳинд рӯзи душанбе гуфтааст, гузоришҳои дарёфтӣ аз сӯи ин ниҳод аз он ҳикоят дорад, ки дар асари сели ҳафтаи ҷорӣ ҳудуди ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ҳамин ҳол ба гузориши шабакаи хабарии CNN, сарвазири вилояти селзадаи Уттараханд хабар додааст, ки шумораи дақиқи қурбониёни ин ҳодиса метавонад беш аз теъдоди ёдшуда бошад ва об теъдоди зиёде аз ҷасадҳоро ба худ ба дохили гилу лой бурдааст. Бориши шадиди мавсимии рӯзи якшанбе дар вилояти Уттараханди Ҳинд боиси селобҳо ва лағзиши замин шуд ва ба шумораи зиёде аз шаҳрҳо ва деҳаҳои ин вилоят осеб ворид кард.

Хабаргузории Олмон гузориш медиҳад, ки нерӯҳои кӯмакрасон то кунун муваффақ ба наҷоти 90 ҳазор дар минтақаҳои селзада шудаанд, аммо ҳудуди 10 ҳазор нафар ҳанӯз дар минтақаҳои осебдида мунтазири расидани нерӯҳои имдодрасон ҳастанд.

Минтақаи селзада дар бахше аз кӯҳистони Ҳимолой воқеъ буда ва бинобар душворгузар будани минтақа, фиристодани кӯмак ба селзадагон ба душворӣ рӯбарӯ шудааст. Бинобар гузоришҳо, идомаи боришҳо ва вазъи номусодии обуҳаво низ боиси таъхир дар фиристодани кӯмакҳо шуда, артиш ҳанӯз муваффақ ба ирсоли чархболҳо ба ин минтақа нашудааст.

Доманаҳои кӯҳистони Уттараханд бинобар ҷойгир будани маъбадҳои зиёди ҳиндуҳо, аз минтақаҳои сайёҳатӣ ва зиёратии Ҳинд аст ва бинобар гузоришҳо, теъдоди зиёди афроде, ки дар минтақаҳои селзада дар интизори наҷот ба сар мебаранд, зоироне ҳастанд, ки ба минтақа сафар карда буданд.

Фасли боронҳои мавсимӣ дар Ҳинд ҳудуди се моҳ идома меёбад ва бориши борон дар минтақаҳои селзада ҳамчунон идома дорад. Ба гуфтаи мақомоти ҳиндӣ, қатъи ғайриқонунии дарахтони ҷангалҳои Ҳимолой, ки дар солҳои ахир идома дошт, аз сабабҳои аслии ба вуҷуд омадани селобҳои шадид ва лағзиши замин дар ин минтақа будааст. Ҳафтаи пеш минтақаҳои атрофи рӯди Ганг дар Ҳинд низ шоҳиди селхезӣ ва вайрон шудани роҳҳо, хонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ буд.
XS
SM
MD
LG