Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ сафарашро аз Қатар шурӯъ мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи ИМА, сафари дувоздаҳрӯзааш ба кишварҳои Ховари Миёнаву Осиёро шурӯъ кард. Қарор аст, ки дар меҳвари дидору гуфтугӯҳо дар ин сафар ҳалли мусолиматомези низоъ дар Сурия ва талоши ба роҳ мондани музокироти сулҳ дар Афғонистон қарор бигирад.

Сафари Ҷон Керрӣ аз Қатар шурӯъ мешавад – рӯзи шанбе дар шаҳри Доҳа ӯ дар нишасти “гурӯҳи дӯстони Сурия” ширкат мекунад. Дар ин нишаст мавзӯи кӯмак ба ошӯбгарони суриягӣ баррасӣ хоҳад шуд. Сафари Керрӣ ба Қатар дар арафаи музокироти қаблан тарҳрезишудаи ҳайати ИМА ва ҳайати “Толибон”-и афғон сурат мегирад. Ин ҳафта толибон дфтари худро дар Доҳа ифтитоҳ карданд ва ин боиси норозигии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва таниш миёни Вошингтону Кобул гардид.

Ҷон Керрӣ дар ҷараёни сафараш аз Ҳиндустон, Арабистони саудӣ, Урдун, Кувайт ва Исроил ҳам дидан ва дар конфаронси минтақаӣ дар Бруней ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG