Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Мавқеи кишварҳои G8 наздиктар шудааст


Дипломати воломақоми Русия мегӯяд, ки дар изҳороти ниҳоии нишасти раҳбарони 8 кишвари саноатии олам (G8) сухане дар бораи барканоршавии президенти Сурия Башор ал-Асад ҳамчун шарти ҳалли сулҳомези низоъ дар ин кишвари Ховари Миёна зикр нашудааст.

Рӯзи сешанбе дар Ирландияи Шимолӣ муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков ба хабарнигорон гуфт, дар изҳорот ҳарфе дар бораи натиҷаи ниҳоии музокироти сулҳ матраҳ нашудааст.

Рябков афзудааст, ки мавқеи кишварҳо дар масъалаи Сурия ба ҳам наздиктар шуда, имкони танзими конфронси сулҳро бештар намудааст.

Субҳи сешанбе сарвазири Канада Стивен Ҳарпер гуфта буд, ки дар мавриди Сурия ҳафт кишвар аз як мавқеъ ва Русия аз мавқеи дигар ҳифз менамояд.
XS
SM
MD
LG