Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷузҷон посбонони волӣ бо афроди Дустум задухӯрд карданд


Муҳаммад Олим Соӣ-волии вилояти Ҷузҷони Афғонистон мегӯяд, ки ба хонаи вай афроди мусаллаҳи зери фармони Абдулрашид Дустум-фармондеҳи узбактабор ҳамла бурдаанд. Муҳаммад Олим Соӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар посух ба ин ҳамла чанд нафар аз ҳамлакунандагон захмӣ шудаанд.

Соӣ мегӯяд, ки афроди Дустум ҳамчунин ба Раёсати Амнияти Миллии вилоят низ ҳамла кардаанд. Хабарнигори радиои Озодӣ аз шаҳри Шибирғон гузориш медиҳад, ки садои тирпарронӣ шунида мешавад ва нируҳои амниятӣ аз вилоятҳои дигар ба кӯмак омадаанд.

Кенҷа Коргар-раиси бахши вилоятии ҳизби Ҷунбиши Миллӣ-Исломии Дустум ҳар гуна даргириро инкор кардааст. Коргар гуфт, Дустум бо чанд нафар посбононаш рӯзи душанбе ба хонаи Соӣ рафт, то бо вай мулоқот кунад. Вале мулоқот лағв шуд, зеро “ҳамдигарнофаҳмӣ” пеш омад.
XS
SM
MD
LG