Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Э.Раҳмон ба Суғд аз Панҷакент оғоз ёфт


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 июн дар ҷараёни сафараш ба вилояти Суғд дар расми ифтитоҳи як коргоҳи полоиши тило дар корхонаи бо Чин муштараки «Зарафшон» дар шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Панҷакент ширкат варзид. Ин коргоҳ боз 70 нафарро бо ҷои кор фаро хоҳад гирифт. «Зарафшон» дар маҷмӯъ 2300 коргар дошта, солона то 1 тонна тило тавлид мекунад. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, аз як воҳиди марзбонии мустақар дар марзи ин ноҳия бо вилояти Самарқанди Узбакистон низ дидан кард. Дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, қисми марзбонии Саразм дар 9- километрии марзи Узбакистон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG