Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корбарони Одноклассники дар Тоҷикистон афзудааст


Масъулони шабакаи иҷтимоии Одноклассники мегӯянд, ин шабака дар Тоҷикистон ҳаррӯза 267 ҳазор муштарӣ дорад, ки 83 дарсади онҳо шакли мобилии онро меписанданд. Мария Латук, сухангӯи шабакаи иҷтимоии Одноклассники, ин матлабро рӯзи ҷумъа 14 июн зимни муаррифии роҳандозии шабакаи ин шабака бо забони тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе баён кард. Вай гуфт, ки роҳандозии шабакаи Одноклассники бо забони тоҷикӣ муоширатро миёни муштариёни тоҷики ин шабака осон мекунад. Ба таъкиди Мария Латук, ҳоло версияи мобилии Одноклассники бо забони тоҷикӣ тарҷума шудааст ва дар наздиктарин фурсат худи торнамо низ бо забони тоҷикӣ тарҷума мешавад. Однокласники яке аз шабакаҳои иҷтимоии маҳбуб дар Русия аст ва садҳо миллион муштарӣ дар ин кишвар ва дар саросари кишварҳои шӯравии собиқ дорад.
XS
SM
MD
LG