Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз аввали сол 400 муҳоҷири корӣ аз Петербург ронда шудаанд


Хадамоти федеролии муҳоҷирати шаҳри Санкт-Петербург хабар додааст, ки аз оғози соли 2013 бо ҳукми додгоҳ бештар аз 400 муҳоҷири хориҷиро аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд.

Дар хабар омадааст, ки бештар муҳоҷирони кории Узбакистон ва Тоҷикистон қонунҳои муҳоҷиратро риоят накардаанд. Аз Узбакистон 263 ва аз Тоҷикистон 60 нафар муҳоҷир ихроҷ шудаанд. Шаҳрвандони Қирғизистон 17 нафар, Озарбойҷон 15 нафар ва ҳамчунин шаҳрвандони Нигерия, Украина, Туркманистан, Молдова, Чин, Мисру Гурҷистон, Арманистон ва Конго дар миёни ихроҷшудагон ҳастанд.

Гузашта аз ин , аз оғози сол то ҳол 500 нафар муҳоҷирон боздошт ва ҳоло дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG