Рӯзи панҷшанбе як гӯрӯҳи 40 нафарии донишҷӯёни амрикоӣ барои забономӯзӣ вориди шаҳри Душанбе шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ба радиои Озодӣ хабар дод, ки аъзои ин гурӯҳ барои такмили дониши забони тоҷикиашон ба Тоҷикистон сафар кардаанд ва бештар дар хонаводаҳои тоҷик ба омӯзиши забон ва омӯзиши расму оинҳои тоҷикӣ ошно мешаванд.
Нуриддин Шамсов-сафири Тоҷикистон дар Амрико гуфт, гурӯҳи мазкур аз донишҷӯёну муҳаққиони риштаҳои мухталифи донишгоҳҳои Амрико иборат аст ва ин сафари онҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи вижаи ҳамкорӣ миёни вазорати корҳои хориҷии Амрико ва донишгоҳҳои олии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Донишҷӯёни амрикоӣ дар давоми ду моҳи тобистон аз Душанбе ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боздид ва бо забони тоҷикӣ ва лаҳҷаҳои он, фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикон ва ҳамчунин бо мавзеъҳои диларабои кӯҳистони Тоҷикистон ошно мешаванд.