Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Данфорд: Музокирот бо толибон ногузир аст


Генерал Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, изҳор намуд, ки гуфтушунид бо ҷунбиши “Толибон” ногузир аст. Дар мусоҳиба бо Би-Би-Си ӯ гуфт, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ ҳам бояд ба артиши Афғонистон мадад расонад. Бидуни ин кӯмак, аз нигоҳи генерали амрикоӣ, комёбиҳои Афғонистон дар бахшҳои демократия ва дифоъ аз ҳуқуқҳои занон аз даст хоҳанд рафт.

Ҷозеф Данфорд мегӯяд, ки рушди мустақил ва пешрафти ҷамъиятиро дар Афғонистон наметавон кафолат дод.

Рӯзҳои наздик он манотиқи Афғонистон, ки масъулияти таъмини амнияти онҳо бар дӯши нерӯҳои байнулмилалист, дар ихтиёри артиш ва нерӯҳои амниятии кишвар қарор хоҳанд гирифт. НАТО дар Афғонистон фақат вазифаҳои ёрирасониро иҷро хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG