Бародари хурдии раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ аз номзад ба мақоми раисиҷумҳурӣ Ҳасани Рӯҳонӣ пуштибонӣ кард. Ба навиштаи хабаргузории ISNA, Ҳодӣ Хоманеӣ аз мардум хостааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ифрот дар кишвар дар интихоботи президентиии рӯзи ҷумъа, 14 июн, ба Ҳасани Рӯҳонӣ раъй диҳанд. Руасои ҷумҳурии пешини Эрон Муҳаммад Хотамӣ ва Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ ҳам хостори пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоб шудаанд.
Худи Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ рӯзи чаҳоршанбе аз мардуми Эрон даъват намуд, ки пушти қуттиҳои раъйдиҳӣ биёянд. Ӯ гуфт, ки ширкати бахши аъзами мардум душманонро рӯҳафтода хоҳад кард ва онҳоро барои коҳиши фишор болои Эрон маҷбур хоҳад сохт. Раҳбари олии Эрон гуфт, ҳатто онҳое, ки ҷумҳурии исломиро қабул надоранд, бояд ба хотири ҳимоят аз кишварашон дар раъйдиҳӣ ширкат кунанд.
Рӯзи чаҳоршанбе охирин рӯзи тарғиботи номзадҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон буд.