Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Самарқандак нерӯҳои иловагии милиса интиқол ёфтанд


Кенеш Солеҳов, раиси шӯрои деҳоти Самарқандаки вилояти Бодканди Қирғизистон, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин деҳа нерӯҳои иловагии милиса фиристода шуданд. Айни ҳол марзбонҳо ва кормандони милиса ба таҳқиқи низоъ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон барои як қитъаи баҳсноки замин машғуланд.

Қирғизистон ин қитъаро чарогоҳи деҳаи Пасхи Ариқ, Тоҷикистон бошад қаламрави худ меҳисобад. Чун “соҳиб”-и аслии замин ҳанӯз муқаррар нашудааст, қаблан тасмим гирифта шуда буд, ки он муваққатан мавриди истифода қарор нагирад. Вале, ба иттилои мақомоти қирғиз, рӯзи душанбе сокинони Тоҷикистон ба ин қитъа 30-40 мошин хок оварданд, то он ҷо хона бунёд кунанд. Ин боиси норозигии сокинони Қирғизистон шуд ва онҳо роҳи Шӯроб-Ворухро бастанд. Кормандони милиса аз бархӯрд миёни сокинони ду кишвар ҷилавгирӣ карданд.

Дар чаҳор деҳаи шӯрои деҳоти Самарқандаки вилояти Бодканд тақрибан 11 ҳазор нафар ба сар мебаранд.Онҳоро деҳаҳои Чоркӯҳ, Ворух ва Шӯроби ноҳияи Исфараи Тоҷикистон иҳота кардаанд.
XS
SM
MD
LG