Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дарҳояшро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик мебандад?


Ширкатҳои сайёҳӣ ва миёнарав мегӯянд, сафари донишҷӯёни тоҷик ба Амрико тариқи барномаи "Work and Travel" («кор ва саёҳат») қариб номумкин шудааст.

Далерҷон Орифов, корманди «Маркази байналмилалии табодул», ки донишҷӯёни тоҷикро тариқи барномаи «Саёҳат ва кор» дар тобистон ба Амрико мефиристод, мегӯяд, сафари донишҷӯёни тоҷик ба ин кишвар хеле мушкил шудааст: «Ин барнома расман пурра қатъ нашудааст, аммо дар Тоҷикистон қариб ки ҳеҷ кас намегузарад. Барои он ки бисёре аз донишҷӯён пештар тариқи ин барнома сафар карда, дигар барнагаштанд ва донишнгоҳҳоро низ дар Тоҷикистон тарк карданд. Бинобар ин ду соли охир ягон нафар аз донишҷӯён намегузаранд, барои аксарият виза намедиҳанд.»


Маҳдуд шудани сафари донишҷӯёни тоҷик ба Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00
Линки мустақим


Орифов мегӯяд, ки аксарияти муштариёни онҳо дар амри дарёфти раводид муваффақ нашуданд ва ширкати онҳо маҷбур шуд, ки пулҳои аз донишҷӯён гирифтаашро бозпас баргардонад. Бинобар ин, ба гуфтаи вай, аксарияти ташкилотҳои сайёҳӣ ва миёнарав аз кумак ба донишҷӯён тибқи барномаи "Work and Travel" даст кашиданд, чунки ин ба як шуғли зараровар табдил ёфтааст.


Сафорати Амрико дар Душанбе
Сафорати Амрико дар Душанбе
Дар ҳамин ҳол, консулгарии сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар як иттилоияи охиран пахш кардааш гуфтааст, ба шарте ҳуҷҷатҳои донишҷӯёнро барои сафар тариқи барномаи "Work and Travel" қабул мекунад, ки онҳо дар ҳудуди худи Амрико ҷои кори аниқ пайдо кунанд ва ин кордиҳанда ба онҳо даъватномаи корро ирсол карда бошад. Ҳамзамон дар ин иттилоия таъкид мешавад, ки ҳадафи ин барнома на пул кор кардан, балки ошноии бештар бо фарҳангу одатҳо ва арзишҳои Амрикост ва бояд ҳар як донишҷӯ тавони молии пӯшондани ҳамаи масрафоти сафарро бояд дошта бошад. Як навгоние, ки сафорат дар тақвими барномаи "Work and Travel" ин сол ворид кардааст, ин аст, ки мӯҳлати сафар то ба ду моҳи таътили расмии донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 1-уми июл то ба 31-уми август маҳдуд карда шудааст.

Аммо Азамат Меликов, яке масъули ширкати “Виза ком”, ки низ ба фиристодани донишҷӯён ба Амрико мусоидат мекард, мегӯяд, кордиҳандаҳои амрикоӣ, ки бо ширкати ӯ қарордод бастаанд, кафолат намедиҳанд, ки донишҷӯён дар ин ду моҳ ҷойи кор хоҳанд ёфт. Зеро ин сафари кӯтоҳ ба кордиҳанда манфиати иқтисодӣ намеорад.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, барои кордиҳандаи амрикоӣ муфидтар аст, донишҷӯёни кишварҳои дигар ба кор ҷалб кунад, ки раводиди се ё чаҳормоҳа дарёфт мекунанд: "Ҳамин тавр, ягона равзана барои рушду такомули донишҷӯёни мо дар хориҷа маҳкам шуд. Ман ин ҳарфҳоро ҳамчун иштирокчии қаблии ин барнома мегӯям. Акнун донишҷӯёни мо маҷбуранд тобистони худро дар ҳамин ҷо гузаронанд, дигар барномаҳое, ки чунин имконият диҳанд, дар Тоҷикистон нест."

Аммо донишҷӯёни тоҷик, ки аз имкони хуби сафар ба Амрико маҳрум шуданд, ноумед шудаанд. Онҳо мегӯяд, ин барнома имконоти зиёдеро дар ихтиёри донишҷӯёни тоҷик қарор медод.

Ҷамшед, як донишҷӯи тоҷик, ки соли 2011 тариқи ин барнома ба Амрико сафар карда буд, мегӯяд, ба далели он ки нисфе аз донишҷӯёни сафаркарда барнагаштанд, сафорати Амрико дигар ба донишҷӯёни тоҷик эътимод надорад: «Сафир медонад, ки агар ба ин донишҷӯён виза диҳад, онҳо дигар бар намегарданд. Ман ҳангоми сафари қаблиям бо донишҷӯёни Русияву Украина дар Амрико шинос шуда будам. Онҳо, ки сари вақт ба кишварашон боз мегарданд, то ба ҳол озодона ба Амрико рафта меоянд. Аммо чун як қатор донишҷӯёни тоҷик қонунҳои Амрикоро вайрон карда, дубора ба кишвар бар нагаштанд, боқимонда донишҷӯёни тоҷик низ аз имкон сафар ба ин кишвар маҳрум шуданд.»

Соле қабл вазорати маорифи Тоҷикистон ҳам бо ирсоли як нома ба сафорати Амрико аз барномаи "Work and Travel" нигарони карда хоҳиш карда буд, мӯҳлати раводиди донишҷӯёни тоҷикро тариқи ин барнома маҳдуд кунад. Чунки ба таъкиди вазорат донишҷӯён ба далели сафар сари вақт ба дарс ҳозир намешаванд ва ин боиси хориҷ шудани эшон аз донишгоҳ мешавад.

Барномаи вижаи "Work and Travel"-и вазорати хориҷаи Амрико аз камтарин барномаҳои саёҳатии кӯтоҳмуддат ва худкифо буд, ки барои донишҷӯёни тоҷик имкони сафар ба ин кишвар ва ҳатто пул кор карданро медод. Дар Тоҷикистон ба фарқ аз дигар кишварҳои пасошӯравӣ барномаҳои таҷрибомӯзӣ ва кори мавсимӣ барои донишҷӯён дар хориҷи кишвар зиёд нест. Ва акнун ягона имкони пулкоркунӣ дар вақти таътил барои донишҷӯён муҳоҷирати корӣ ба Русия боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG