Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майдони Тақсим туркҳоро ду тақсим хоҳад кард?


Ҳазорон сокинони Истамбул ба эътирозгароне пайвастанд, ки чандест шабҳоро дар хаймаҳо дар майдони Тақсим рӯз мекунанд.

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ рӯзи шанбе дар пойтахт – шаҳри Анкара ва дигар шаҳрҳои кишвар ҳам идома дошт, ҳарчанд як рӯз пеш нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз мардум даъват кард, ки фавран аз идомаи тазоҳурот даст бардоранд. Ӯ изҳор намуд, барои гуфтугӯ бо афроде, ки аз ӯ талабҳои демократӣ кардаанд, омода аст.

Як ҳафта пеш Эрдуғон қабл аз сафари расмияш ба шимоли Африқо изҳор карда буд, ки пушти эътирозҳо дар шаҳрҳои бузурги кишвар – Анкара, Истамбул ва Измир “гурӯҳҳои ифротгаро” истодаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, саркӯбсозии эътирози донишҷӯёни пуштибон аз боғи таърихии Ғозӣ ва эътирозгаронро “ифротгаро” хондани нахуствазир мардумро сахт нороҳат кард – акнун ҳазорон нафар талаб доранд, ки Эрдуғон истеъфо диҳад.

Дар ҳамин ҳол коршиносон ба суолҳое посух меҷӯянд, ки такрори ҳаводиси “баҳори араб” дар Туркия то куҷо воқеъӣ ба чашм мерасад? Оё майдони Тақсими Истамбул туркҳоро ба ду ҷониби даргир тақсим хоҳад кард ва кишвар дар пешорӯи як низои густурда қарор дорад?

Алиризо Нуризода коршиноси масоили Ховари Миёна, мегӯяд, ки "моҷаро дар Туркия аз ҳаводиси Мисру Тунису Сурия тавофути зиёд дорад – Туркия зербинои мустаҳкаме дорад, ки шомили артиш, нерӯҳои сиёсӣ ва демократияи хос аст. Дар кишваре, ки мардум метавонад дар интихобот ҳукуматро иваз кунанд, зарурате ба тағйири он аз роҳи ошӯбу хушунат нест".

Мусоҳиби мо меафзояд, ҳаводиси Туркия паёмади амалҳои бехирадонаи ҳукумат аст, ки ба эътирози мардум барои бунёди пойгоҳи низомӣ, маркази
Алиризо Нуризода
Алиризо Нуризода
тиҷоратӣ ва масҷид дар боғи таърихӣ посухи тунд дод. Мардум аз тасмими ҳукумати Туркия барои муқаррар кардани соатҳои фурӯши машрубот ҳам асабониву хашмин буданд, ба вижа, соҳибону кормандони тарабхонаҳо дар майдони Тақсим ва боғи Ғозӣ, ки ҷойи асосии убуру мурури сайёҳон аст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи оғои Нуризода, аҳзоби чап ва либералу миллии Туркия аз он сахт озурда шуданд, ки Эрдуғон бо такя ба соҳиби қудрат буданаш мехоҳад Туркияро аз як кишвари дунявӣ зина-зина ба як давлати исломӣ табдил намояд.

Изҳороти ахири Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар мавриди омодагияш барои гуфтугӯ бо эътирозгарон, аз нигоҳи Алиризо Нуризода, бо он омил марбут аст, ки мавқеъи пешинаш оид ба бархӯрд бо эътирозгарон боиси ихтилофаш бо раисиҷумҳур Абдулло Гул шуд. Абдулло Гул тарҷеҳ медод, ки бо мардум гуфтугӯ шавад, на хушунат, мегӯяд мусоҳиби мо. Акнун оғои Эрдуғон аз мавқеи пешинаш ақибнишинӣ карда ва ҳайатеро ҳам барои гуфтугӯ бо мардуми норозӣ таъсис намудааст. Ба гуфтаи коршинос, ин моҷаро сабақе барои Эрдуғон шуд ва ӯ дар оянда барои таҳмили афкори худаш болои мардум камтар талош хоҳад кард. Аз ин рӯ, мегӯяд Алиризо Нуризода, дучори ошӯби бузург шудани Туркия байид ба назар мерасад.

Эътирозҳо дар Туркия баъд аз он шурӯъ шуданд, ки полис ҳамоиши донишҷӯёни донишгоҳҳои Истамбул алайҳи буридани дарахтҳо дар боғи фароғатии Ғозӣ ва он ҷо бунёд кардани чанд иншоот, аз ҷумла, маркази бузурги тиҷоратиро пароканда намуд. Бар асари саркӯбсозии эътирозҳо се кас кушта ва беш аз ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG