Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Истамбул бо эътирозгарон мепайванданд


Рӯзи шанбе ҳазорон сокинони Истамбул бо эътирозгароне пайвастанд, ки чанд рӯз боз дар майдони Тақсим дар хаймаҳо ба сар мебаранд, Интизор меравад, ки эътирозҳо дар Анкара - пойтахти Туркия ва дигар шаҳрҳои кишвар ҳам идома кунанд.

Рӯзи ҷумъа нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз мардум даъват кард, ки фавран ба эътирозҳо хотима диҳанд. Ӯ изҳор намуд, барои гуфтугӯ бо афроде, ки аз ӯ талабҳои демократӣ кардаанд, омода аст. Як ҳафта пеш Эрдуғон қабл аз сафари расмияш ба шимоли Африқо изҳор карда буд, ки пушти эътирозҳо дар шаҳрҳои бузурги кишвар – Анкара, Истамбул ва Измир “гурӯҳҳои ифротгаро” истодаанд.

Эътирозҳо дар Туркия баъд аз он шурӯъ шуданд, ки полис ҳамоиши донишҷӯёни донишгоҳҳои Истамбул алайҳи буридани дарахтҳо дар боғи фароғатии Ғозӣ ва он ҷо бунёд кардани маркази бузурги тиҷоратиро пароканда намуд.
XS
SM
MD
LG