Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозрасии парвандаи Муборак мавқуф гузошта шуд


Бозрасии парвандаи раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборакро, ки имрӯз дар Қоҳира аз сар гирифта шуд, то рӯзи душанбе, 10 июн мавқуф гузоштанд. Додрас дар шарҳи ин тасмим гуфт, ки додрасҳо бояд имкони бештари ошноӣ бо парвандаро дошта бошанд. Бар пояи ин парванда, Ҳуснӣ Муборак дар куштори оммавии эътирозгарон дар соли 2011 айбдор мешавад,Мурофиаи додгоҳӣ дар бинои Академияи полис, воқеъ дар канори пойтахт, таҳти чораҳои шадиди амниятӣ, гузашт.

Қарор буд, ки мурофиа моҳи апрел баргузор шавад, аммо онро баъди истеъфои додрас мавқуф гузоштанд.

Расо як сол пеш Ҳуснӣ Муборак ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Вале моҳи январи соли равон Додгоҳи таҷдиди назари Миср, бо такя ба иштибоҳҳо зимни тафтиши қазия, хостори бозрасии такрории парванда шуд.

Ҳуснӣ Муборак моҳи феврали соли 2012 баъд аз ошӯби 18-рӯзаи мардумӣ аз мақоми раисиҷумҳури Миср канор рафт. Ҳангоми саркӯбсозии эътирозҳо аз сӯи мақомоти қудратии Миср тақрибан 840 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG