Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи "тазоҳургарони" Болотний шурӯъ шуд


Дар Русия муҳокимаи пешакии 12 нафаре шурӯъ шуд, ки онҳоро ба барангехтани бетартибӣ дар тазоҳурот алайҳи Владимир Путин дар моҳи майи соли 2012 муттаҳам мекунанд. Ин афрод аз ҷумла ба ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ, ҳамла ба маъмурони пулис муттаҳам мешаванд ва дар сурати собит шудани иттиҳомот, онҳоро метавонанд ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд. Бетартибӣ дар майдони Болотнийи Маскав як рӯз пеш аз маросими адои савганди Владимир Путин ва оғози аҳди саввуми раёсати ҷумҳуриаш дар Русия сар зад. Мухолифони давлат мегӯянд, ки маъмурони пулис, худашон тазоҳургаронро ба бенизомӣ таҳрик кардаанд. Русия дар он замон шоҳиди тазоҳуроти бесобиқа алайҳи раиси ҷумҳур Владимир Путин ва ҳукуматдории ӯ шуда буд.
XS
SM
MD
LG