Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як афсар барои тамаъҷӯӣ аз муҳоҷири тоҷик


Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, алайҳи як афсари милиса бо иттиҳоми сӯистифода аз мақом ва ришваситонӣ аз як шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Раёсати Кумитаи тафтишотии шаҳри Ярославл бо нашри баёнияи расмӣ гуфтааст, ин афсари милиса моҳи августи соли 2012, шиносномаву корти муҳоҷирати шаҳрванди Тоҷикистон гирифта ва аз ӯ дар ивази санадҳо ришва хостааст. Ӯро айни гирифтани 300 рубл аз ин муҳоҷири тоҷик боздошт кардаанд. Афсари мазкур, ки номашро ошкор накардаанд, ҳамчунин ба ҳифзи ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешавад ва ӯро то замони поёни тафтишот аз мақомаш сабукдӯш кардаанд.
XS
SM
MD
LG