Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби сангини Навоз Шариф - оштӣ ё ҷанг?


Нахуствазири нави Покистон интихоб шуд ва ба назар мерасад, ки ваъдаҳои гуфтушунид бо мухолифини мусаллаҳ татбиқношуда хоҳанд монд.

Музокироти сулҳ ва оштӣ бо гурӯҳи «Таҳрики Толибони Покистон» - аз ваъдаҳои меҳварии сиёсатмадорони покистонӣ дар давраи пешазинтихоботӣ буд. Ва аммо, ба гуфтаи сиёсатшиносони маҳаллӣ, баъд аз анҷоми интихобот ба назар мерасад, ки замони муносиб барои музокирот аз даст рафтааст. Аз нигоҳи онҳо, чанд ҳодиса ҳама умедҳо барои оштии ҳукумат бо яке аз бузургтарин гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифро барбод дод ва акнун Исломобод бояд ваъдаҳоро яксӯ гузорад ва барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои ояндаи “Таҳрики Толибон Покистон” талош намояд.

Аввалин зарба ба талошҳои музокирот бо мухолифини мусаллаҳ – ҳалокати муовини раҳбари “Таҳрики Толибони Покистон Валӣ-ур-Раҳмон рӯзи 29 май бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ буд. Гурӯҳи ошӯбгарон пешниҳоди худ барои гуфтушунид бо ҳукумат тавассути миёнҷигарҳоро бозпас гирифт. Чанд рӯз баъд дар бораи куштори вакили тозаинтихоби маҷлиси вилояти Хайбар-Пахтунхва номзади мустақил Фарид Хон хабар расид. Фарид Хон ҳамчун номзади мустақил интихоб шуд, вале баъди интихобот ба ҳизби Таҳрики инсофи крикетбози собиқ Имрон Хон пайваст. Ҳизби Имрон Хон дар садри Эътилофи ҳокими вилояти Хайбар Пахтунхва мебошад ва дар давраи пешинтихоботӣ ваъда дода буд, ки бо Толибон музокира мекунад ва ба зарбаҳои ҳавопаймоҳи бесарнишини амрикоӣ хотима мегузорад. Ва ахиран раҳбари ҳизби "Ҷамъияти уламои исломӣ" Мавлоно Фазлраҳмон ҳам аз талоши ба роҳ мондани музокирот бо “Таҳрики Толибони Покистон” даст бардошт. Ҷон Очоқзай, намояндаи ин ҳизб гуфт, Мавлоно Фазлраҳмон баъд аз он аз мавқеяш ақибнишинӣ кард, ки ба зидди гуфтушунид бо мухолифини мусаллаҳ будани низомиёни баландмақоми покистонӣ мутмаин шуд.

Куштори сиёсатмадор Фарид Хон суолеро эҷод кард, ки то куҷо раҳбарони аҳзоби сиёсии Покистон хатари “Таҳрики Толибони Покистон”-ро дарк мекунанд?
Мусаллаҳони "Таҳрики Толибони Покистон"
Мусаллаҳони "Таҳрики Толибони Покистон"
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Талъат Масъуд, таҳлилгари масоили амниятӣ дар Исломобод, ду ҳизби ҳоким - ҳизби Таҳрики инсоф ва ҳизби Лигаи мусалмонҳои Покистон, ки раҳбараш Навоз Шариф рӯзи 5 июн нахуствазир интихоб шуд, дар вазъи сангин қарор доранд – дар сурати содиқ намондан ба ваъдаҳояшон барои оштӣ бо “Таҳрики Толибони Покистон” шояд тарафдорони зиёди худро аз даст диҳанд.

Талошҳои пешини музокирот бо толибон ноком анҷом ёфтанд. Аз соли 2004 ба ин сӯ нерӯҳои низомӣ ва ҳукумати Покистон чандин бор бо мухолифини мусаллаҳ гуфтугӯ карданд. Онҳо ба умеде, ки ошӯбгарон ба ҳукумат мепайванданд ва аз “Ал-Қоида” канорагирӣ карда ба хушунат хотима мебахшанд, созиш ҳам имзо намуданд. Аммо бештари ин созишҳо боиси нерӯмандтар шудани мухолифин мегашт, “Таҳрики Толибони Покистон” ин мувофиқаҳоро барои густариши назорати қаламрав ва муқаррар кардани низоми сиёсии худ истифода мебурд. Поймолсозии созишҳо ҳукуматро барои баргузории амалиёти густурдаи низомӣ дар водии Свот ва Вазиристони ҷанубӣ водор кард.

Маҳмуд Шоҳ, генерали мустаъфӣ мегӯяд, ки ҳизби Таҳрики инсоф ва ҳизби Лигаи мусалмонҳои Покистон аз таҷрибаи ночизи гуфтугӯ “Таҳрики Толибони Покистон” бархурдоранд. Ӯ, корманди собиқи хадамоти амниятӣ, соли 2003 бо “Толибон” гуфтушунид карда буд. “Аммо “Таҳрики Толибони Покистон” ягон бор ба созишҳо содиқ намонд, ҳатто баъди он ки дар водии Свот ҳукумат ҳама талабҳоро онҳоро пазируфт ва фақат хост, ки Толибон силоҳ ба замин гузошта, ба зиндагии муқаррарии худ баргарданд”, мегӯяд генерали покистонӣ.

Талъат Масъуд, ки низ дар гузашта генерали артиш буд, мегӯяд, ҳукумати нави Покистон наметавад худро заъиф ҷилва диҳад ва баъд аз рад шудани музокирот аз сӯи “Таҳрики Толибони Покистон” барои ин гуфтушунид пойфишорӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат барои иҷрои ваъдаи оштӣ бо мухолифин бояд амалиёти низомӣ алаҳи мухолифинро идома диҳад, зеро агар аз зӯри бозу кор нагиранд, барномаҳояшон барои эҳёи кишвар ноком хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG