Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Ҷаҳон ба исрофи неъмат одат кардааст


Исроф ва ҳифзи муҳити зист. Ин ду бо ҳам чӣ пайванд доранд. Дар гуфтугӯе бубинед, ки ба Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист 5-уми июн бахшида шудааст.

Танзими ғизо ва ҷилавгирӣ аз сӯиистифодаи он метавонад, хароҷоти беҳударо коҳиш дода, муҳити зистро барои наслҳои оянда ҳифз намояд. Бар пояи омори СММ солонаи аҳли олам як миллиарду 300 миллион тонна ғизои пок ва омодаи истеъмолро мустақиман ба партовгоҳ мефиристад. Дар айни замон яке аз 7 бошандагони олам гурусна асту ҳар рӯз тахминан 20 ҳазор кӯдаки аз 5-сола хурдтар бар асари камғизоиву гуруснагӣ ба ҳалокат мерасанд.

Дар қораи Осиё солона як нафар аз 6 то 11 килограмм ғизои покро суистифода мекунад. Дар кишварҳои Аврупову Амрикои шимолӣ бошад, як кас аз 95 то 115 килограм ғизои покро барбод медиҳад.

Ин масъала шояд дар Тоҷикистон ба монанди кишварҳои пешрафтаи олам назаррас набошад, вале ба ҳар ҳол дар Тоҷикистон ҳам маъракаҳои зиёдеро метавон дид, ки дар он исрофи ғизо ҷой дорад.

Ин масъаларо дар як сӯҳбат бо хабарнигор ва ҷомеашиноси тоҷик Аъзамшоҳи Ширговадӣ матраҳ намудем.

Исроф зарба ба муҳити зист аст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00
Линки мустақим

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG