Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Толибон ба Эрон. Тоҷикистон дар навбат аст?


Аҳмад Саидӣ
Аҳмад Саидӣ

Яке аз сухангӯёни ҷунбиши Толибон эътироф кардааст, ки намояндагони Толибон дар Теҳрон бо мақомоти расмии Эрон дидор ва гуфтугӯ доштаанд.


Аммо ҷониби Эрон ба дархости ҳукумати Афғонистон дар бораи воқеияти баргузории чунин мулоқот посухи мушаххас надодааст ва гуфтааст, ки аз кӯшишҳои ҳукумати Афғонистон барои расидан ба сулҳ ҷонибдорӣ мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар ҳоле ки нирӯҳои эътилофи байналмиллалӣ барои хуруҷ аз Афғонистон омодагӣ мегиранд, Толибон мехоҳад бо кишварҳои ҳамсоя вориди музокира шавад ва бигӯяд, ки дар сурати омадан бар сари қудрат ва ё доштани саҳме дар ҳукумати Афғонистон хатаре ба кишварҳои ҳамсоя ва амнияти онҳо нахоҳад дошт.

Дар як мусоҳиба бо Аҳмад Саидӣ - дипломати пешини афғон ва таҳлилгари умури сиёсӣ пурсидам, то куҷо ин иддаои Толибон дар бораи мулоқоташон бо мақомоти Эрон заминаи воқеӣ дорад?


Аҳмад Саидӣ: Сиёсат дӯсту душмани доимӣ надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00
Линки мустақим


Саидӣ: Касе бо номи Муҳаммад Ҷавон дар Қатар даъватномаеро аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Толибон дода буд. Бо ин даъватнома Толибон сафаре доштанд ба Эрон ва дар он Саидтайиб Оқо, Шамсиддин Паҳлавон, Муҳаммадулло Нӯъмонӣ ва Аббоси Станазим буданд, ки дар он ҷо бо мақомоти истихборотӣ ва ниҳодҳои дигари Эрон диду боздидҳо доштаанд. Онҳо тақозо кардаанд, ки дар Эрон дафтари онҳо боз шавад. Ин дафтар ё дар Машҳад ваё дар яке аз шаҳрҳои Эрон боз хоҳад шуд. Аммо мо набояд фаромӯш кунем, ки Толибон ва Эрон аз нигоҳи фикриву андеша бо якдигар наздик нестанд. Омиле, ки Толибонро бо Эрон наздик кардааст, душмани муштаракашон аст, яъне Амрико.

Озодӣ: Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам бо Афғонистон ҳамсоя ҳастанд ва ҳамеша аз хатари Толибон нигарон буданд. Фикр мекунед, Толибон ҳамин гуна музокирот бо ин кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Тоҷикистону Узбакистон, Туркманистон ва дигарон, ҳатто бо Русия ҳам анҷом хоҳанд дод, то паёми худро ба ин кишварҳо бирасонанд ва бигӯянд, ки агар дар оянда ба қудрат бирасанд ва ё дар ҳукумати Афғонистон саҳм бигиранд, ба ин кишварҳо хатаре эҷод нахоҳанд кард?

Саидӣ:
Дар сиёсат душмани доимӣ ва дӯсти доимӣ вуҷуд надорад. Он чӣ ки доимӣ вуҷуд дорад, манофеъ аст. Биноан, агар Толибон эҳсос кунанд, ки манофеашон дар музокирот бо кишварҳои Осиёи Миёна онҳоро ба манзили мақсуд мерасонад, онҳо аз чунин музокирот дареғ нахоҳанд кард ва худи кишварҳои Осиёи Миёна ҳам чунин рафтор хоҳанд кард.

Озодӣ: Вақте ки Толибон дар соли 1998 шаҳри Мазори Шарифро мегирифтанд, 10 дипломат ва як хабарнигори эрониро дар консулгарии Эрон дар ин шаҳр ба қатл расонда буданд. Ҳоло мехоҳанд бо Эрон вориди музокира шаванд ва ҳамкорӣ кунанд. Фикр мекунед, Эрон инро барои Толибон хоҳад бахшид?

Саидӣ:
Ман ёдовар шудам, ки дар сиёсат дӯсти доимӣ ва душмани доимӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, ки дипломатҳои эронӣ ба дасти Толибон кушта шуданд, ҳазорон нафар эронии дигар ҳам кушта шаванд ва боз бихоҳанд, ки сиёсати Эронро татбиқ кунанд, айбе надорад.

Озодӣ: Ва ҳоло Толибон бо наздикӣ аз Эрон чӣ мехоҳанд?

Саидӣ:
Ду ҳадаф дунбол мешавад. Аввал, Эрон мехоҳад, ки бо Толибон наздик бошад, зеро фикр мекунад, ки Толибон дар оянда ба қудрат хоҳанд расид ва дар сиёсатҳои баъдӣ Эрон мисли Покистон нақши умдае хоҳад дошт. Ҳадафи дуввуми Эрон ин аст, ки тавассути Толибон Амрикоро дар Афғонистон ба мушкил ва ба ҷангу куштан мувоҷеҳ бисозад. Аммо Толибон ҳам ҳадафҳои худро дунбол мекунанд. Онҳо мехоҳанд дар Эрон дафтар дошта бошанд ва ба ҷаҳониён бигӯянд, ки мо, мухолифини Афғонистон, ҳоло ҷаҳоншумул ҳастем. Дар Қатар дафтар дорем, дар Покистону Эрон дорем. Дар Фаронсаву Женева ва дар Ҷопон музокира кардем. Бино бар ин мо ҳоло ҷаҳоншумул ҳастем. Аз тарафи дигар, Толибон дар байни мардумони шиъа нуфуз надоранд ва мехоҳанд аз роҳи Эрон дар байни шиъаҳои Афғонистон барои худ ҷои пой пайдо кунанд.

Озодӣ: Фикр мекунед, ки Толибон, ба ҳар ҳол, баъд аз хуруҷи нирӯҳои эътилоф метавонанд ба қудрат бирисанд?

Саидӣ:
Агар ҳукумати қавиву нирӯманд бо ҳимояти мардумӣ дар интихобот дар Афғонистон ба вуҷуд биояд, ҳаргиз Толибон ба қудрат намерасанд.
XS
SM
MD
LG