Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набарди шашсоатаи нерӯҳои афғон бо Толибон дар Кобул


Даргири миёни нерӯҳои амниятии афғон ва Толибон, ки соати 4:16 баъд аз зуҳри ҷумъа дар ноҳияи чаҳоруми шаҳри Кобул оғоз ёфт, соати 10:20 дақиқаи шаб бо кушта шудани охирин муҳоҷими мусаллаҳ, поён ёфт.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон ба расонаҳо гуфт, ки ҳамаи ҳамлакунандаҳо аз по дароварда шуданд ва минтақа таҳти назорати комили нерӯҳои амниятии афғон даромадааст.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, дар ҳамла ба бинои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Кобул ҳашт тан кушта шуданд. Дар миёни кушташудагон ду ғайринизомӣ, як пулис ва панҷ ҳамлакунанда шомил мебошанд. Ҳашт шаҳрванди хориҷӣ, ду пулиси афғон ва ду ғайри низомӣ дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд.

Дар бархе расонаҳои ҳиндӣ гуфта шуда буд, ки ҳадафи ин ҳамлаҳо зоҳиран сафорати Ҳинд дар Кобул будааст. Аммо Толибони мусаллаҳ ин иддаоро рад карда гуфтаанд, ки ҳадафи онҳо дафтаре будааст, ки аз сӯи кормандони CIA, яъне идораи Истихбороти марказии Амрико истифода мешавад. Маҳали даргирӣ ки аз нуқоти стратегии Кобул ба ҳисоб меояд, то сафорати Ҳинд ҳудуди 400 метр фосила дошт.



Толибони мусаллаҳ масъулияти ҳамлаҳои рӯзи ҷумъа дар Кобулро ба ӯҳда гирифтаанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, афроди ин гуруҳ ба маҳале, ки он аз сӯи кормандони CIA ва ҳамчунин мураббиёни амрикоӣ истифода мешуд, ҳамла бурданд.

Дар як ҳафтаи гузашта дувумин таркиш аст, ки дар пойтахти Афғонистон рух медиҳад. Дар ҳодисаи гузашта, ки дар минтақаи Шоҳ Шаҳиди Кобул сурат гирифт, ҳудуди 15 тан, ба шумули шаш амрикоӣ кушта шуда буданд. Ҳизби исломӣ бо раҳбарии Гулбуддини Ҳикматёр масъулияти ҳамлаи ҳафтаи гузашатро ба ӯҳда гирифта буд.

Ҳамлаи Толибон ба Кобул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00
XS
SM
MD
LG