Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия яке аз иттиҳодияҳои синфӣ ба тазоҳурот пайваст


Яке аз конфедератсияҳои аслии иттиҳодияҳои синфии Туркия ба эътисоби дурӯза оғоз кардааст ва онро нишонаи ҳимоят аз тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Истамбул ва чанд шаҳри дигар арзёбӣ кардааст. Конфедератсияи Иттиҳоди Мардумии Коргарон ё KESK, ки аз номи 240 ҳазор коргар намояндагӣ мекунад, ҳукматро барои роҳ додан ба “террори давлатӣ” муттаҳам кард.

Субҳи рӯзи сешанбе кормандони пулис бори дигар бо ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозӣ задухурд карданд. Мақомоти расмӣ таъйид карданд, ки дар шаҳри Антакия як нафар ба ҳалокат расидааст ва ин дуввумин шахсест, ки кушта мешавад.

Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия аз худ ҳимоят кардааст, тақозои тазоҳуркунандагонро дар бораи истеъфо қабул надорад ва тундравҳову мухолифони сисёсиро дар нооромиҳо гунаҳгор медонад.
XS
SM
MD
LG