Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Мовароуннаҳр» иҷозаи сохтмони биноҳои нотамомашро дарёфт кард


Ширкати «Мовароуннаҳр» пас аз баҳси сесола ба сохтмони ҳашт бинои ниматамомаш оғоз кард.

Ин иншоотҳоро дар таърихи 12-уми ноябри соли 2010 Додситонии кулли Тоҷикистон бо як мактуб ба Додгоҳи Олӣ, ба ҳасб гирифта буд.

Бузургмеҳр Ёров, намояндаи ҳуқуқии ширкат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, додситонӣ рӯзи 29 май ҳабсро аз иншоотҳо бардошт ва гурӯҳи иборат аз саҳҳомон, роҳбарияти ширкат ва Кумитаи мардумии дифоъ аз ҳуқуқҳои муштариёни «Мовароуннаҳр» иншоотҳоро қабул карда, ҳоло ҳудуди 600 саҳҳом ва зиёда аз 300 гуруҳу ширкатҳои ҳамкори ширкат дар асоси шартномаҳои нав ба сохтмон оғоз карданд. Мавсуф мегӯяд, ҳоло мунтазири як тафсир ба ҳукми Додгоҳи Олӣ ҳастанд, ки то 6-уми июн бояд дастрас шавад.

Моҳи сентябри соли гузашта Додгоҳи Олӣ ҳукм карда буд, ки моликияти “Мовароуннаҳр” барои пӯшонидани қарзи саҳҳомони ширкат “нигаронида шавад”. Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ин ҳукми додгоҳ норӯшан буд, аз ин хотир, вазорати адлия ба фурӯши бино иқдом карда буд ва ҳоло мехоҳанд Додгоҳи Олӣ ин ҳукми худро шарҳ диҳад.

Қазияи «Мовароуннаҳр» се сол ба ин сӯ идома дорад. Раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов 13, 5 сол ҳукми зиндон гирифт ва Додгоҳи Олӣ ҳукм баровард, ки ситонидани зарари молии муштариёни ширкат аз ҳисоби биноҳои нотамоми «Мовароуннаҳр» бароварда шавад. Иҷрои ин ҳукм ба зиммаи иҷрочиёни суди ноҳияи Сино, ки дар тобеияти вазорати адлия аст, вогузор шуд ва моҳи ноябри соли гузашта ин ниҳод эълом кард, ки биноҳои нотамоми ширкатро ба фурӯш мегузорад.

Муштариёни «Мовароуннаҳр» талаб карданд, ки биноҳои нотамомро дар ихтиёри онҳо ва ширкат гузоранд, то худ онҳоро ба итмом расонанд. Додгоҳи Олӣ танҳо посух дод, ки фурӯши биноҳои нотамом матраҳ нест.

То моҳи равон мавқеи Додгоҳи Олӣ рӯшан нашуд ва 12 май зимни як ариза ё огоҳинома раҳбарият ва муштариёни «Мовароуннаҳр» аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев хостанд, ки барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар санаи 3-юми июн иҷоза диҳанд. Муштариёни «Мовароуннаҳр» мегӯянд, маҳз қарорҳои норӯшани Додгоҳи Олӣ, иҷро нашудани дастури он ва иқдомҳои вазорати адлия онҳоро водор кард, ки чунин тасмим бигиранд.
XS
SM
MD
LG