Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мовароуннаҳр" талаби гирдиҳамоӣ дорад


Раҳбарият ва муштариёни ширкати “Мовароуннаҳр” аз президент Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев хостори иҷоза барои баргузории як гирдиҳамоӣ шуданд.

Зимни як муроҷиат, ки ариза ё огоҳинома номида шудааст, аз раҳбарияти Тоҷикистон хоста шудааст, ки рӯзи 3 июни соли 2013 аз соати 10. 00 то 14. 00 майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе - дар муқобили бинои Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ба ихтиёри муштариёни “Мовароуннаҳр” гузошта шавад.

Ин ариза ё огоҳинома аз сӯи Тӯрабек Охунов, иҷрокунандаи вазифаи директори «Мовароуннаҳр», Мамадназар Раҳматшоев, раиси Кумитаи мизоҷони ширкат ва Бузургмеҳр Ёров, раиси Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон - «Сипар» имзо шудааст.

Онҳо сабаби чунин иқдомро то ба ҳол дар ҳабс қарор доштани биноҳои нотамоми «Мовароуннаҳр» ва ба ин далел маҳрум шудани онҳо аз ҳаққи идомаи сохтмон ва ниҳоят соҳиби манзил шудан арзёбӣ кардаанд. Онҳо Доситонии кулл ва Додгоҳи Олии Тоҷикистонро ба пеш омадани чунин вазъ гунаҳкор медонанд.

Мубтакирони гирдиҳамоии 3 июн бар ин боваранд, ки зиёда аз 500 саҳҳом бо иттифоқи наздикону пайвандон? дар маҷмуъ зиёда аз 5000 нафар омодаанд ба майдон бароянд.

Қазияи “Мовароуннаҳр” 3 сол аст, ки идома дорад ва раиси ин ширкат Ҷӯрабек Охунов ба 13, 6 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ моликияти ширкатро ҳабс кард ва то ба ҳол касе масъулияти баргардонидани маблағҳои 502 муштариии онро, ки барои соҳиби манзил шудан ба ширкат супурда буданд, ба зимма надорад.
XS
SM
MD
LG