Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико «риёл»-и Эронро таҳрим кард


Амрико дар тозатарин даври таҳримҳои якҷонибаи худ алайҳи Эрон, рӯзи душанбеи 3-юми июн воҳиди пули миллии Эрон ва саноати мошинсозии ин кишварро ба феҳристи таҳримҳояш ворид кард.

Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико шомгоҳи рӯи душанбе тайи як фармон ин таҳримҳои навро алайҳи Эрон вазъ кард. Бар асоси он, ҳар гуна доду гирифт бо «риёли Эрон» манъ шуда ва муассисаҳои молие, ки хариду фурӯши риёлро фароҳам мекунанд, шомили ин таҳримҳо мешаванд.

Баёнияи Кохи Сафед дар мавриди таҳрими риёл мегӯяд, таҳқиқоти он кишвар нишон медиҳад, ки риёли Эрон аз оғози 2012 ниме аз арзиши худро аз даст додааст, вале барои нахустин бор таҳримҳо шомили пули Эрон барои тиҷорат мешавад.

Ҳамчунин бар пояи ин таҳримҳо, фурӯш, таҳия ва фиристодани қисмҳои мошин ва хадамоти вобаста ба саноати мошинсозӣ ба Эрон мамнуъ шудааст.

Рӯзи шанбеи 1-уми июн низ вазорати молияи Амрико чанд ширкати петрохимиявии Эронро дар феҳристи таҳримҳои худ қарор дода буд.

Ҷей Карней, сухангӯи Кохи Сафед ҳадаф аз ин таҳримҳоро, пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ унвон кард. Эрон ҳар гуна фаъолияти барои тавлиди силоҳи ҳастаиро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG