Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон Амрикоро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард


Эрон гузориши солонаи Амрикоро, ки Теҳронро ба афзоиши ҳимоятҳои худ аз терроризми ҷаҳонӣ муттаҳам мекунад, рад кард ва гуфт, худи Амрико ҳомии гуруҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна аст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Алиризо Мирюсуфӣ, сухангӯи намояндагии Эрон дар СММ рӯзи ҷумъа изҳор дошт: «Эрон худ қурбонии терроризми давлатӣ аст, ки ҷони ҳазорон нафар аз эрониёни бегуноҳро гирифтааст.»

Вай афзуд: "Эрон ба ҳар роҳи мумкин талош кардааст то бо терроризм мубориза кунад ва худ низ дар бисёре аз муоҳидаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар заминаи муқобила бо терроризм нақш дорад."

Гузориши ахири вазорати умури хориҷии Амрико, ки рӯзи панҷшанбеи 30-юми май мунташир шуд, мегӯяд, ки Эрон ва ҳомии он «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон дар бисёре аз тарҳҳои ва ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз Аврупо гирифта то Африқо ва Осиё даст доштаанд.

Ин гузориш аз ҷумла ба ҳодисаи таркиш дар автобуси ҷаҳонгардони исроилӣ дар Булғористон ишора мекунад, ки тобистони соли гузашта рух дод ва ба марги панҷ шаҳрванди Исроил ва як шаҳрванди Булғористон анҷомид. Дар ин ҳодиса иттиҳоми аслӣ ба сӯи «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон равон аст, агарчӣ Исроил ҳукумати Эронро низ дар баробари «Ҳизбуллоҳ» масъули он донистааст. Аммо Эрон ва «Ҳизбуллоҳ» ба шиддат чунин иттиҳомеро радд кардаанд.

Акнун Алиризо Мирюсуфӣ бо радди дубораи ин иттиҳомот мегӯяд: «Лозим ба зикр аст, Амрико на танҳо гузаштаи дурру дароз дар муттаҳам кардани кишварҳои дигар ба ҳимоят аз терроризм дорад, балки ба ҳамон нисбат низ худ ҳомии гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла терроризми давлатии Исроил дар минтақаи мо будааст.»

Оқои Мирюсуфӣ сипас ба ҳазфи Созмони Муҷоҳиди Халқ аз феҳристи гуруҳҳои террористии вазорати умури хориҷии Амрико ишора кард ва гуфт, ки ин амр «нишонаи ошкор аз бархӯрди дугонаи Амрико бо масъалаи терроризм» аст.

Вазорати умури хориҷии Амрико соли гузашта Созмони Муҷоҳиддини Халқро, ки аз гуруҳҳои мухолифи ҳукумати Эрон аст, аз феҳристи терроризм берун кард ва амвол ва дороиҳои онро, ки масдуд шуда буд, ба он бозгардонид. Ин иқдом аммо вокуниши шадиди Ҷумҳурии Исломиро дар пай дошт ва онро иқдоми "зидди эронӣ" ва "ғайри масъулона" номид.
XS
SM
MD
LG