Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги хабарнигори Pressa.tj


Барно Абдураҳмонова, хабарнигори Pressa.tj
Барно Абдураҳмонова, хабарнигори Pressa.tj
Шоми дирӯз хабарнигори сомонаи Pressa.tj дар вилояти Суғд Барно Абдураҳмонова бар асари як садамаи автомобилӣ дар Душанбе ҷон додааст.

Шарифи Ҳамдампур, муассиси медиа ҳолдинги «Оила» рӯзи 31-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки шоми дирӯз дар назди Театри ҷавонон вақте, ки Барно Абдураҳмонова ҳамроҳи шавҳараш дар гӯшаи роҳ меистод, ду мошин ба ҳам бармехӯрданд, ки яке аз онҳо лағжида Барно ва шавҳарашро аз пой медарорад.

Ба гуфтаи оқои Ҳамдампур, ар натиҷа Барно Абдураҳмонова дар Шуъбаи реаниматсияи бемористони Қаряи Боло ба ҳуш наёмада дар соати 2 шаб ҷон дод ва ҳоло вазъи шавҳараш низ бисёр вазнин аст.

Дафтари матбуоти Идораи бозрасони автомобилии ҷумуҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир сабабҳои ин ҳодиса, ки боиси марги инсон шудааст, мавриди тафтиш қарор дорад ва ронандаи мошини « Дэу леганза» сокини шаҳри Душанбе Усмоналӣ Рустамов ҳамчун айбдор мавриди пурсиши муфатишони БДА қарор дорад.
XS
SM
MD
LG