Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро адвокатҳои тоҷик "ноком" мешаванд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, дар Тоҷикистон адвокат ва ё вакили мудофеъ ҳанӯз ҳам ба унвони тарафи комилҳуқуқ дар мурофеаҳои додгоҳӣ дар баробари айбдоркунанда, эътироф нашудааст.

Аз ин рӯ адвокатҳон дар дифоъ аз зерҳимояи худ дасти боз надоранд ва дар аксар маворид дар баҳсҳои додгоҳӣ дар ҳимоят аз муштарии худ ноком мешаванд.

Бузургмеҳр Ёров, роҳбари коллегияи адвокатҳои «Сипар» мегӯяд, даъвоҳои вакилони мудофеъ махсусан дар мурофиаҳое, ки ангезаҳои «сиёсӣ» доранд, аз ҷониби додгоҳ нодида гирифта мешавад: «Дар парвандаҳое, ки сабабҳои сиёсӣ доранд ва дар он ҷо сиёсат боло мегирад, фикри вакилони мудофеъ сарфи назар мешаванд. Парвандаи Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов ва дигару дигарҳо аз қабили чунин парвандаҳо ҳастанд.»

Ҷаноби Ёров мегӯяд, бо гузашти солҳо ва иваз шудани ҳукумат, шояд худи додрасони ҳамин парвандҳо иқрор шаванд, ки онҳо чунин ҳукмҳоро таҳти «фишори боло» содир карданд.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров
Ба гуфтаи Ёров, як омили дигари нокомии вакилони мудофеъ дар ҳимояи зерҳимоҳояшон ин аст, ки додрасони додгоҳҳо дар содир кардани ҳукмҳои хеш то ба ҳол мустақил нестанд ва пеш аз судури қароре ҳатман бо раиси суд машварат мекунад. Дар навбати худ раисони онҳо аз раиси ноҳия, шаҳр ва ё мансабдори дигари зинаи болои дастур гирифта аст: «Дар кишварҳои воқеан ҳуқуқбунёд ва демократӣ аз сад парванда 30- 35 парвандааш «сафед» карда мешавад. Аммо дар Тоҷикистон мувофиқи оморҳо аз сад парванда танҳо 0,3 фисад «сафед» карда мешавад. Бинобар ин, ҳатто миёни мардум ҳам мафҳуми «говсуд» пайдо шудааст, мегӯянд, ки додгоҳҳо «говсуд» карда истодаанд.»

Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, ба далели он, ки низоми додгоҳии Тоҷикистон майли муттаҳамкунӣ дорад ва дар нисбати 99 дарсади парвандаҳо суд ҷазо таъйин мекунад, вакилони мудофеъ имкони хеле ками дифоъ аз зерҳимояашон доранд ва маҳз ба ҳамин далел, онҳо он мақому мартаба ва нафузеро, ки адвокатҳо дар кишварҳои дигари ҳуқуқбунёд соҳиб ҳастанд, надоранд.

Иноят Иноятов, адвокати варзидаи тоҷик мегӯяд, барои инкишофи институти адвокатура дар Тоҷикистон якчанд омилҳо муҳиманд: «Барои мо будани суди воқеан мустақил ва беғараз зарур аст. Дар ҷомеае, ки дар он ҷо суд мустақил нест, имконияти пирӯз шудани адвокат хеле кам аст. Ҳамчунин дар мурофиаҳо бояд ҳам ҷониби айбдоркунанда ва ҳам ҷониби ҳимоягар бояд аз ваколатҳои баробар бархӯрдор бошанд. Додгоҳҳо бояд ҳам ба адвокат ва ҳам ба айбдоркунанда барорбар нигоҳ кунанд.»

Ҷаноби Иноятов ҳамчунин афзуд, ки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд муносибати худро ба вакилони мудофеъ иваз кунанд ва дарк кунанд, ки адвокат ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро дар қатори эшон ҳимоя мекунад ва бидуни онҳо рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст.

Ватан Абдураҳмонов
Ватан Абдураҳмонов
Аммо Ватан Абдураҳмонов, додраси мустаъфӣ ва роҳбари «Маркази маърифати ҳуқуқӣ» мегӯяд, сатҳи дониши ҳуқуқии адвокатҳо дар Тоҷикистон чандон боло нест ва маҳз ин омил ҳам боиси ноком шудани онҳо дар дифоъ аз зерҳимояҳояшон мегардад: «Дониши адвокатҳо баланд нест. Масалан, ҳоло якчанд то коллегияи адвокатҳо ҳаст, худашонро мустақил муарррифӣ мекунанд, вале онҳо ҳатто худашонро ҳимоя карда наметавонанд. Адвокат дар толори суд бояд тавре баромад кунанд, ки ҳам суд ва ҳам одамони дар толоро бударо ба мавқеаш мутақоид созад ва суд ба вай бовар кунад. Аммо ҳоло суханронии адвокатҳоро дар суд мушоҳида мекунӣ, сифаташ на он қадар баланд аст.»

Ҷаноби Абдураҳмонов афзуд, ки қонуни кунунии Тоҷикистон дар бораи адвокатҳо низ мақоми онҳоро дар мурофиаҳои додгоҳи возеҳу равшан муайян накардааст ва ин қонун ба бознигарӣ ниёз дорад.

Дар Тоҷикистон сар аз соли 2004-ум ба ин сӯ рӯзи 26-уми май расман Рӯзи адвокат ё вакили мудофеъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG