Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тохтутози гирдбоди "Ҳаюло" дар Оклаҳома


Марги ҳадди ақал 24 нафар бо шумули 7 кӯдак дар гирдбоди харобиовари Аёлати Оклоҳома тасдиқ шудааст. Ин рақам дар ибтидо 91 нафар гуфта мешуд.

Ҷустуҷӯи одамон дар харобаҳо ҳанӯз ҷараён дорад ва теъдоди ҳалокшудаҳо шояд бештар аз рақаме бошад, ки мақомот пахш кардаанд. Шаҳри Мур бо 55 ҳазор аҳолӣ, бештар аз манотиқи дигар осеб дидааст ва мақомот то ҳол иҷозат намедиҳанд, ки мардум ба хонаҳои худ баргарданд.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
Линки мустақим







Гирдбод ё торнадои шадиде, ки рӯзноманигорон онро “Ҳаюло” ном гузоштаанд, аз 140 то 200 нафарро маҷрӯҳ кардааст, ки вазъи бархе аз онҳо вахим арзёбӣ мешавад.

Дар ин ҳодиса теъдоде аз кӯдакон ҳалок шудаанд, зеро гирдбод яке аз мактабҳои итидоии шаҳри Мурро хароб кард. Гуфта мешавад, ки мактаби ибтидоии Мур натанҳо хароб шудааст, балки зери об низ мондааст, зеро гирдбод дар роҳи ҳаракати худ ду бурҷи обро аз пой афканд ва манотиқи атрофро зери об гузошт.

Ҳоло нирӯи аслӣ ба Мур, ба ҷустуҷӯи кӯдакон равона шудааст. Наҷоти мардум дар биноҳои зарардидаи дигар ва хонаҳои одамон низ ҷараён дорад. Нафароне, ки аз ин гирдбоди харобиовар ҷон ба саломат бурдаанд, дар деворҳои ободтар менависанд ки: “Мо зиндаем.”

Рӯзи 19 май, дар арафаиз ҳамлаи гирдбод , вазъ дар аёлати Оклоҳома таҳдидомез буд, зеро аҳолии маҳаллӣ ҳаракати гирдбодро мушоҳида карданд. Аммо бо вуҷуди ҳаҷми бузургаш он рӯз гирдбод харобӣ наовард. Аммо дар ҳуҷуми такрорӣ дар роҳи ҳаракаташ ҳамачиро рӯфт ва боиси ҳалокати мардум шуд. Хадамоти ҳавосанҷӣ мегуяд, ки эҳтимолан суръати ҳаракат дар дохили гирдбод 320 км/соат ва паҳнои он ҳудудан ба се километр баробар буд.

Хабаргузории Ройтерс аз қавли як шоҳиди зиндамондаи ин ваҳшати табиӣ навиштааст: ”Мо хаёл кардем, ки ҳама мурдаем. Мо аз тарс дар таҳхона пинҳон шудем, аммо бод дари таҳхонаро шикаст ва борони шишапораҳо ба сари мо рехт.” “Ин дақиқан мисли филми “Гирдбод” буд, аспҳо ва умуман ҳама чиз дар ҳаво парвоз мекард,” - гуфтааст шоҳиди дигар ба Ройтерс.

Ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон шаҳрвандони ин кишвар аз гирдбоди Оклаҳома осеб надидаанд.

Гирдбоди ахир аз рӯи суръат ва харобкорӣ аз гирдбоди қаблие, ки дар соли 1999 мунҷар ба ҳалокати 44 нафар шуда буд, ба истилоҳ “гузаронд.”
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як қатор аз манотиқи аёлати Оклаҳома ҳолати фавқулодда эълон кард ва аз вазорати амнияти миллӣ ва Ожонсии федеролии ҳолатҳои фавқулодда дархост кард, ки талошҳои худро барои кумак ба аҳолӣ ҳамоҳанг кунанд.
XS
SM
MD
LG