Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори Политковская аз нав муҳокима мешавад


Анна Политковская
Анна Политковская
Қазияи куштори рӯзноманигор Анна Политковская бори дигар дар додгоҳ арзёбӣ мешавад.

Сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин рӯзи сешанбе гуфт, чор нафар аз Чеченистон: Ломалӣ Гайтикаев, ҷиянҳои ӯ Рустам ва Ҷабраил Маҳмудов ва ҳамчунон афсари собиқи полис Сергей Ҳоҷиқурбонов бо куштор ва нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешаванд.

Соли 2009-ум ҳайати мунсифа дар робита бо айбномаи куштор иттиҳоми се нафарро беасос дониста буд. Як афсари дигари собиқи полис-Дмитрий Павлюченков, ризоят дод, ки бо муфаттишон ҳамкорӣ кунад.

Мурофиаи ӯ ҷудогона гузашт ва дар моҳи декабр ӯро ба муддати 11 сол аз озодӣ марҳум карданд.

Политковская, ки бо гузоришҳояш дар бораи поймолшавии ҳуқуқи башар дар Чеченистон маъруф мебошад, моҳи октябри соли 2007-ум дар назди хонааш дар шаҳри Маскав ба қатл расидааст.
XS
SM
MD
LG