Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як рӯз дар Ироқ бештар аз 70 нафар ба қатл расидаанд


Силсилаи таркиши мошинҳои бамгузоришуда дар саросари Ироқ сабаби қатли бештар аз 70 нафар шудааст. Дар ҳамлаи ахири рӯзи душанбе тақрибан 8 нафар зоирони эронӣ кушта шудаанд.

Субҳи рӯзи душанбе таркиши чанд мошини бамгузоришуда дар истгоҳи автобус ва дар дами даврвозаи вурудии бозор дар маҳали шианишини шаҳри Бағдод тақрибан 40 нафар кушта шуд.

Ду мошини дигари бамгузоришуда дар шаҳри Басра таркид. Ин таркишҳо низ дар маҳаллоти шианишин рух додааст. Гурӯҳе масъулияти ин бамгузориҳоро бар ӯҳда нагирифтааст.

Дар маҳаллоти суннинишин низ ҳамлаҳое анҷом гирифтааст. Баъд аз хуруҷи нируҳои Амрико аз Ироқ дар моҳи декабри соли 2011 таниши миёни шиаҳо ва сунниҳо дар Ироқ авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG