Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бордюжа: Тоҷикистон мустақилона марзашро дифоъ мекунад


Николай Бордюжа-Дабири кулли Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ ба хабаргузории Интерфакси Русия гуфтааст, ки баъд аз хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон Тоҷикистон метавонад мустақилона таъмини амнияти марз бо Афғонистонро бар уҳда бигирад.

Ба гуфтаи вай “Тоҷикистон дорои системаи пешрафтаи хадамоти марзӣ мебошад”. Вай рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, ки зарурати бозгашти марзбонони Русия ба ин марз вуҷуд надорад ва бо ҷониби Тоҷикистон дар бораи бозгашти марзбонони Русия музокира пеш бурда намешавад.

Вале ба гуфтаи Бордюжа, Русия дар таълими марзбонон ва таъмини онҳо бо таҷҳизот кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG