Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҳастаии Эрон баҳс мешавад


Рӯзи чоршанбе дар ду мулоқоти ҷудогона барномаи ҳастаии Эрон баҳс мешавад. Дар Вена Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаии аз Эрон талаб хоҳад кард, ки монеагузорӣ ба кори муфаттишони ин ниҳоди СММ-ро хотима бахшад.

Муфаттишон айбномаи марбут бо пажӯҳишҳои марбут бо тавлиди силоҳи атомиро таҳқиқ мекунанд.

Ҳамчунон дар Истанбул Кэтрин Эштон тарҳрези сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон Саид Ҷалилӣ гуфтушунид хоҳад дошт, ки дар он низ барномаи ҳастаии Эрон баҳс мешавад.

Эштон аз шаш кишвари бузург: ИМА, Русия, Чин, Фаронса, Британия ва Олмон намояндагӣ мекунад.

Моҳи апрел гуфтушуниди ин шашгона бо Эрон дар Қазоқистон доир шуда, натиҷаи назаррасе ба бор наорвард. Кишварҳои ғарбӣ Эронро бо кӯшиши пинҳонии тавлиди силои ҳастаӣ муттаҳам мекунанд, вале ҷумҳурии исломӣ ин айбномаро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG